Birthday
05 October 1952
President
Emomali Rahmon
#28459 | Invitation
Tajikistan , 05.12.2019
Уважаемый господин
Эмомали Рахмон

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ассалому алайкум, Падари бузургвору самимии мардуми тоҷик ва хуссусан дӯстдоштаи халқи оддию меҳнаткаш. Ман ва аҳли оилаам (иборат аз 5-нафар:шавҳар, духтар ва ду писарам) доимо аз пешравиҳои давлатамон, эҳёи халқи тоҷик (таҳти сарварии одилонаи Шумо) меболем ва зистан дар ин замони табодулотии таърихи тоҷикон фахр менамоем. Албатта оилаи мо як зарраи хурдакаке мебошад, ки дар баҳри комёбиҳою шароитҳои Шумо муҳаё намуда, ҳаматарафа кушиша менамояд, ки саҳми худро гузорад ва ҳисси ватандустиро дар дил парвариш намояд ва он ҳам танҳо бо роҳи меҳнати ҳалол, рафтору гуфтори намунавӣ ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандие, ки манша аз дастурҳои Шумо бароямон шиор гаштаанд, амал менамояд.
Новобаста аз он, ки таввасути оинаи нилгун мебинем,ки Шумо ҳамарӯза дар амалӣ гардонидани иқдомҳои неку созандагии хеш мебошед, умедворам, ки мактуби ман ба таваҷҷуҳи Шумо хоҳад расид. Азбаски ин мактуб як нишоне аз “бемории сироатии ҷамъиятие” мебошад, ки ҳамчун саратон инкишоф ёфта ба сиёсати одилона ва ғамхоронаи Шумо доғеро ба вуҷуд оварда истодааст.
Сухан дар бораи сармоягузоре меравад, ки тӯли панҷ сол мешавад, ки зиндагии як зумра шаҳрвандони шаҳри Душанбе, райони Шоҳмансур, гузаргоҳи 1 кӯчаи Деҳлавӣ 1 ва 2 -ро талху тоқатфарсо кардааст. Аз тарафи мо муроҷиатҳо ба сохторҳои дахлдор ва ҳатто ба мақомоти Ҳукумати шаҳр чандин борҳо карда шуда буд. Аммо Изатуллоев Амонулло (ҶДММ "Сапеда-112"), ки бо роҳи ҳилаю найранг як маҳал одамонро сарсону саргардон кардааст, аз ҷавобгарӣ бо ҳар роҳҳои ба мо номаълум раҳо меёбад, ки билохира худро дар давлати бе дару дарвоза ва корношоямии сохторҳои қудратӣ эҳсос мекунад. Ӯ ҳатто моро сазовори вохурӣ намедонад ва рақамҳои қалбакӣ ба мо дода, дар як шаҳри калону обод дастнорас аст.
Панҷ сол мешавад, ки моро аз хонаҳои гарму фароҳам бароварда, дар ба дар гардонидааст ва бар замми ин он пули ноҷизи иҷорапулиро ҳам ба мо намедиҳад, ки мо дар хонаҳои мувофиқ барои зиндагӣ бизиҳем ва аз маҷбурӣ дар шароитҳои бениҳоят паст умр ба сар мебарем.
Дар тӯли ин солҳо бародарам як пиёла чой аз дастархони хонаи худ нанӯшида 9 январи соли 2015 аз дунёи даргузашт.
Писар ва духтарҳоямон калон шудаанд, ки шароити дигари зиндагиро сазоворанд. Онҳо гуноҳе, надоранд, ки волидонашон ба ин гуна афрод бовар карда, давраи бачагии онҳоро ба бечорагӣ табдил додаанд. Онҳо гуноҳ надоранд, ки волидонашон бо умеде, ки ин афрод ҳақиқатан ҳам сармоягузор ҳастанд на ситамгар ва бо Қарори Ҳукумати шаҳр омада онҳоро аз дару хона берун намуда ва дар Ватани худ иҷоранишин карданд.
Мӯҳтарам Падари Бузургвор (ман аз хурди падар надорам ва дар симои Шумо ҳамеша сурати падарамро мебинам)! Аз Шумо зораю тавалло мекунам, ки моро ноумед нагардонед ва дар дили фарзандонамон ҳисси адолатпарастиро боз ҳам мустаҳкамтар гардонед.
Аз Шумо маҳзарат мехоҳам, ки шояд табъатонро бо ин аризаам ғамгин гардонидам, аммо ҷуз аз таввало барои дасти кӯмаки Шумо, ки ин рӯзҳо даҳҳо иншоот ва қитъаҳои калонтарину тақдирсози мардумро мекушояд, садҳо мактабҳову муассисаҳои таълимиро ҳидоят ба маърифат менамояд ва дар баробари он, ҳамеша дастгири ятимону барҷомондаҳост, дигар роҳи раҳои аз ин истисморгарии афроде, ки суистифода аз қонун ва мазҳаби иҷтимоиашон амалҳои ношоями худро пеш мебаранд, надорам.



Бо умеди бепоён,
Амирбекова Заррина
Read more...
Follow us on